Дархости Эрон аз Саъудӣ: саҳмияҳои зиёрати Каъбаро бештар кунед

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПаломники становятся на молитву вокруг Каабы в мечети Масджид аль-Харам в Мекке, архивное фото
Паломники становятся на молитву вокруг Каабы в мечети Масджид аль-Харам в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наздики 1,3 миллион шаҳрвандони Эрон барои зиёрати Каъба дар навбат истодаанд. Гурӯҳи аввали зоирин имсол 17 июл ба Арабистони Саъудӣ сафар хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Теҳрон аз Риёз дархост карда, ки саҳмияҳои зиёрати Хонаи Худоро барои шаҳрвандони Эрон бештар кунад, хабар медиҳад оҷонсии Tasnim бо такя ба раҳбари Созмони ҳаҷҷи Эрон Ҳамид Муҳаммадӣ.

Эрон интизор дорад, ки Арабистони Сауъдӣ барои 90 ҳазор шаҳрвандони Эрон иҷозаи зиёрати Каъбаро медиҳад.

Ба гуфти Муҳаммадӣ, наздики 1,3 миллион нафар барои сафар ба Макка навбат истодаанд. Гурӯҳи нахустини зоирин, имсол 17 июл ба Арабистони Саъудӣ сафар хоҳад кард.

Паломники из Таджикистана отправляются в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин барои маросими "Ҳаҷ-2018" роҳбалад меҷӯяд

Соли 2017 эрониҳо пас аз танаффуси яксола, сафар ба шаҳрҳои муқаддасро аз сар гирифтанд. Ҳукумати ин кишвар пас аз ҳодисаи соли 2015, ки дар Ҳаҷҷ дар натиҷаи тамбашавии зоирин беш аз ду ҳавзор нафар, ки 464 нафарашон шаҳрвандони Эрон буданду ҷон бохтанд, сафар ба Маккаро мамнӯъ карда буд.

Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ барои омодагӣ ба мавсими "Ҳаҷ-2018" дар шаҳри Душанбе қарор баровардааст.

Ҳамин тавр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо зарур аст, баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявиро таъсис дода, ба комиссияи шаҳрӣ то муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат пешниҳод намоянд.

Тибқи қарори шаҳрдорӣ, раиси комиссияи шаҳрӣ дар шаҳри Душанбе бояд то 6 апрели соли 2018 рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ирсол намояд.

Лентаи хабарҳо
0