Кумитаи дин барои маросими "Ҳаҷ-2018" роҳбалад меҷӯяд

© SputnikПаломники из Таджикистана отправляются в хадж
Паломники из Таджикистана отправляются в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои интихоби роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2018" озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 18 янв— Sputnik. Дар бораи озмун дар равобити умумии ин кумита хабар дода шудааст.

Ба гузориши манбаъ, шарти аслӣ барои доваталабон — огоҳии комил аз аҳкоми маносики ҳаҷ, малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, обутоби ҷисмонӣ, дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират зикр шудааст.

Дар озмун нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд. Ҳуҷҷатҳо барои ширкат дар озмун аз 22 январ то 22 феврал қабул карда мешаванд.

Паломники из Таджикистана отправляются в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳаҷ ҳам масъулини тоҷик саҳлангорӣ мекунанд: саргардониҳои зоирон дар Макка

Манбаъ таъкид карда, ки тибқи муқаррароти ҷониби Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад.

Порсол ҳамроҳ бо ҳайати хизматрасон 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд. Соли 2017 арзиши маросими адои ҳаҷ барои тоҷикистониён наздики 33 ҳазор сомонӣ (3 ҳазору 630 доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин (соли 2016) беш аз 4 ҳазор сомонӣ зиёдтар буд.

Охири соли гузашта муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар ҷаласаи навбатии ҷамъбастии Комиссияи "Ҳаҷ-2017" дастур дод, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон доир ба хоҳиши адои маросими ҳаҷ шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд.

Лентаи хабарҳо
0