Хусусисозӣ дар Тоҷикистон: порсол 3,5 ҳазор манзили маскунӣ хусусӣ шуд

© SputnikОбзор на город Душанбе, строящийся дом
Обзор на город Душанбе, строящийся дом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор манзили маскунӣ хусусӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ожонси омори давлати Тоҷикистон гузориш дода, ки порсол дар кишвар беш аз 3,5 ҳазор манзил ва сохтмонҳои маскунӣ хусусӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА.

Выставка ярмарка продукции промышленных товаров Республики Узбекистан 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси омор: муомилоти молии Тоҷикистон бо Узбакистон 82 дарсад афзудааст

Бино ба гузориши маркази матбуъотии омори ожонси Тоҷикистон, соли гузашта куллан 203,7 ҳазор манзил фурӯхта шуда, ки аз он 4,1 ҳазор дар бар асоси пардохти ҷузъӣ фурӯхта шуда ва 75,6 ҳазор дар ба аҳолӣ ройгон дода шудааст. Масоҳати кулли манзилҳои иқоматӣ 16,1 милюн метри мураббаъ баровард шудааст.

Шаҳри Душанбе дар хусусисозии сохтмонҳои маскунӣ пешгом будааст. Дар пойтахт камобеш 130 ҳазор манзили иқоматӣ ба масоҳати куллии беш аз 7,2 милюн метри мураббаъ хусусӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, Душанбе дар ироаи манзилҳои маскунӣ (беш аз 30 ҳазор дар) ва фурӯш бар ивази пардохти ҷузъӣ (2,4 ҳазор дар) низ пешқадам аст.

Бар асоси додаҳои Ожонси омор, порсол дар Шаҳринав ва Рашт ҳеч манзили маскунӣ хусусӣ сохта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0