Таҳлилгарон: Эрону Исроил соли оянда ҷангро оғоз хоҳанд кард

© AFP 2023 / BEHROUZ MEHRI Танк Т-72 на военном параде в Иране. Архивное фото
Танк Т-72 на военном параде в Иране. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳлигарони амрикоӣ эҳтимол медиҳанд, ки Исроил ва Эрон соли оянда ҷанги бузургеро оғоз мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Таҳлилгарони нашрияи амрикоии “The National Interest” дар паи баррасиву таҳлили иқдомоти сиёсиву низомии Исроил ва Эрон пешгӯӣ кардаанд, ки ин ду кишвар дар соли 2019 ҷанги бузургеро дар Ховари Миёна оғоз хоҳанд кард.

Ин нашрия гузориш дода, ки Эрон ҳамин акнун фаъолияташро дар Ховари Миёна афзоиш дода, Артиш ва Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар ҷанги Сурия ширкат доранд. ҳамчунин Эрон аз гурӯҳҳои “Ҳизбуллоҳи Лубнон” пуштибонӣ мекунад.

Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин ва Нетаняҳу ҳамлаҳои мушакии Исроилро дар Сурия баррасӣ карданд

Коршиносон ёдоварӣ мекунанд, ки дар миёнаҳои моҳи феврал миёни Эрон ва Исроил даргирии мустақим низ рух дода буд.

Гуфта мешавад, ки дар ин даргирӣ артиши Исроил ҳавопаймоҳои бесарнишини эрониро дар ҳарими ҳавоии худ раҳгирӣ кард ва сипас нерӯҳои исроилӣ пойгоҳҳои Эронро дар Сурия ҳадаф гирифтанд. Дар вокуниш ба ин бумборон нерӯҳои падофанди ҳавоии Сурия як ҷангандаи F-16 Исроилро сарнагун карда буданд.

Таҳлилгарони нашрияи “The National Interest” муътақиданд, ки авзоъи дохилии Эрон низ метавонад шароитро барои даргириҳо фароҳам созад. Ба бовари онҳо, раҳбарии ин кишвар метавонад ба хотири мунсариф кардани шаҳрвандони Эрон аз мушкилоти иқтисодӣ ҷанг бо Исроилро оғоз кунад.

Лентаи хабарҳо
0