ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури ФР Владимир Путин ва сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу вазъи атрофи амалиёти низомии ҚҲҲ Исроил, ки ба Сурия ҳамла кардааст, дар суҳбати телефонӣ баррасӣ кардаанд.
"Гуфтугӯи телефонии кишвардори Русия Владимир Путин ва сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу сурат гирифт", — гуфта мешавад дар гузориш.
Таъкид шудааст, ки дар ҷараёни гуфтушунид "вазъ дар атрофи амалиёти низомии ҚҲҲ Исроил, ки ба ҳадафҳо дар сарзамини Сурия ҳамлаҳои мушакӣ кардааст", муҳокима шудааст.
"Ҷониби Русия иброз доштааст, ки аз гузоштани ҳама гуна гомҳое, ки метавонанд ба давраи нави хатарнок барои муқовимати кулли ҷонибҳо дар минтақа оварда расонанд, худдорӣ карда шавад", — омадааст дар хабарнома.
Рӯзи шанбе дафтари матбуотии Исроил хабар дод, ки ҳавопаймои ҷангии исроилии F-16 пас аз анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои эронӣ дар Сурия, суқут кард.
Хабаргузории давлатии Сурия эълон намуд, ки нерӯҳои зидди ҳавоии кишвар ҳамлаи ҚҲҲ Исроилро шикаст дод.