ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вебгоҳи ниҳод хабар додааст, ки дар шаҳри Душанбе як марди 24-солаи ноҳияи Фархор бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам корманди яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт мебошад.
Номбурда, рӯзи 22-юми феврали соли равон, тахминан соати 04:00-дақиқа, ҷойи кориашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 24-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 24-солаи сокини пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Худи ӯ 8-уми феврали соли 2018, ҷойи кориашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 60-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ва зани 47-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 180-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда ҳамчунин рӯзи 22-юми феврали соли 2018, ҷойи кориашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: ҷавони 23-солаи сокини пойтахт ва зани 22-солаи сокини ноҳияи Ёвон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 2-юми феврали соли равон, тахминан соати 04:00-дақиқа, ҷойи кориашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандондон: марди 33-сола ва зани 33-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 180-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ гардида, тафтишот идома дорад.