Афзоиши шумораи заҳролудшудагони ноҳияи Ишкошим

© SputnikОткрытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане
Открытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи ҷабрдидагон аз ноҳияи Ишкошим, ки дар паи истеъмоли орди заҳролудшуда ба Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ бистарӣ шуданд, ба 43 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи заҳролудшудагон аз ноҳияи Ишкошим, дар ҳоли афзоиш аст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон заҳролудшавии оммавӣ ба қайд гирифта шуд.

"То имрӯз 16 кӯдак ва 38 нафар дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳо таҳти назорати вижаи пизишкони беморхона қарор доранд. Вақте, ки ҳолашон беҳтар шуд, онҳоро аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод", — қайд кардаанд дар Вазорат.

Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ВМКБ: вазъи саломатии сокинони Ишкошим нигаронкунанда аст

Нахустин нишонаҳои заҳролудшавӣ аз гандуми заҳролуд рӯзи 17 январ ба қайд гирифта шуда буд. Он замон ба беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ панҷ узви хонаводаи Қурбонбековҳо бистарӣ шуданд.

Дар ин росто бо супориши раҳбари ВМКБ Шодихон Ҷамшед, гурӯҳи вижаи корӣ аз ҳисоби коршиносон таъсис додааст. Ташхис муайян карда, ки мардуми Ишкошим пас аз истеъмоли нони гардумӣ, ки дар таркибаш растании заҳрноки гелиотроп будааст, ба бемории гепатити гелиотроп гирфтор шудаанд, яъне заҳролуд шудаанд.

дар паи ин заҳролудшавӣ рӯзи 31 январ дар беморхона кӯдаки 11 сола ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0