Раиси ВМКБ: вазъи саломатии сокинони Ишкошим нигаронкунанда аст

© Пресс-служба президента РТПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи саломатии сокинони ноҳияи Ишкошимро, ки дар паи истеъмоли орд заҳролуд шудаанд, нигароникунанда гуфт

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 13 феврал дар назди раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед бо аъзои Ситоди ҳолатҳои фавкулодда ситоди фаврӣ баргузор гардидааст.

Ба иттилоъи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар ин маҷлис масъалаи назорат, ташхис ва табобати сокинони ноҳияи Ишкошим, ки аз истеъмоли орди гандумии омехта бо алафи заҳрноки гелиотроп заҳролуд гардидаанд, баррасӣ шудааст.

Шодихон Ҷамшед гуфтааст, ки вазъи саломатии сокинон, нигароникунанда буда, баҳри ҳарчи зудтар ба табобат фаро гирифтани нафароне, ки дар таркиби хунашон дар натиҷаи ташхис аломатҳои заҳролудшавӣ муайян гардидаанд, тадбирхои фаврии амалӣ роҳандозӣ гардад.

В пекарне. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Ишкошим сокинони ду деҳа аз гандум заҳролуд шуданд. Як кӯдак фавтид

Ба таъкиди раиси вилоят мутаассифона вобаста ба давраи истеъмоли орд рӯз то рӯз шумораи нафарони заҳролудшуда афзоиш ёфта истодааст ва аз рӯи маълумоти пешакии мутахассисони Вазорати тандурустӣ эҳтимолияти афзоиши шумораи онҳо то моҳи апрел давом хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади дар фурсати кӯтоҳтарин муайян намудани нафароне, ки эҳтимолияти гирифторӣ ба ин бемориро доранд, боз як гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Абдулназарзода Абдулназар бо ҷалби мутахассисони сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, субҳи рӯзи 14 феврал ба ноҳияи Ишкошим сафарбар гардидааст.

Раиси вилоят дастур додааст, ки сарфи назар аз харидорӣ кардан ё накардани гандуми омехта бо алафи заҳрноки гелиотроп тамоми сокинони ҷамоатҳои деҳоти Шитхарв, Птуп, Вранг ва Зонг дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти беҳдошти Оқохон аз ташхиси ҳатмии хун ва ултрасадо гузаронида шаванд.

Тибқи маълумоти охирин вобаста ба нишондоди соҳибкоре, ки гандумро ба аҳолӣ фурўхтааст, 4 оилаи дигар дар деҳаи Лангар низ аз ин гандум харидорӣ намудаанд, вале 2 оила ҳанўз истеъмоли онро оғоз накардаанд.

Барои муайян кардани тақдири ахли ду хонаводаи дигар раиси вилоят супориш дода, ки ба таври фаврӣ онҳоро аз ташхис гузаронанд.

Гурўҳи дигари корӣ, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекова фаъолият дорад, вазифадор шудааст, ки дар касалхонаи вилоятӣ барои қабули нафароне, ки алаккай нишонаҳои заҳролудшавӣ дар организми онҳо муайян карда шудааст, тамоми шароитҳоро омода созанд. Ҷиҳати таъмини онҳо бо маводи доруворӣ ва маводи хўроквории парҳезӣ ба масъулон дастурҳои муайян дода шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар баробари сохторҳои дахлдор сокинони хайрхоҳи шаҳри Хоруг ҳамарўза аз ҳоли ин беморон хабар гирифта, дар доираи имконияти худ барои беморон хўрокҳои парҳезӣ ва меваву сабзавот дастрас намуда истодаанд.

Ба роҳбарияти дастгоҳи раиси вилоят дастур дода шудааст, ки ҷиҳати бо рахти хоб ва маводи озуқавории парҳезӣ сари вақт ва бемамониат таъмин намудани нафароне, ки дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ карда мешаванд, дар баробари идораву муассисаҳои дахлдори давлатӣ инчунин ташкилотҳои башардўстона ва ғайридавлатие, ки дар вилоят фаъолият доранд, ҷалб карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0