Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони дастгоҳи раисҷумҳур хона тақдим кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПраздничный дастархан
Праздничный дастархан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 - ошёна иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд

ДУШАНБЕ, 21 фев— Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, бинои мазкур аз се қисм, қисмати А, Б ва В иборат буда, дорои таҳхона ва 12 ошёна мебошад.

Дар сохтмони иншооти мазкур 54 миллион сомонӣ сарф шуда, бинои истиқоматӣ тибқи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд шудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон открыл Центр управления Вооруженными силами Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро ифтитоҳ кард

Фармоишгари бинои мазкур Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии дастгоҳи раисҷумҳур буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи дастгоҳи раисҷумҳур дар муҳлати пешбинишуда, бо сифати баланд сохта ба анҷом расониданд.

Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи "Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП" омода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ошноӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода ва аз сокинони хуштолеъ — кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ даъват кардааст, ки ба ватан — модар содиқона хизмат намоянд.

Манзилҳои истиқоматӣ дар маҷмуъ ба кормандони дастгоҳи раисҷумҳур, сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо ва Кумитаҳо тақдим карда шудааст.

© Пресс-служба президента Таджикистана Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 21.02.2018
 Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 21.02.2018 - Sputnik Тоҷикистон
Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 21.02.2018
Лентаи хабарҳо
0