Эмомалӣ Раҳмон Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро ифтитоҳ кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон открыл Центр управления Вооруженными силами Республики Таджикистан
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон открыл Центр управления Вооруженными силами Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро ба баҳрабардорӣ расонд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ин марказ ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат, нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат пешбинӣ гардидааст.

Дар назар аст, ки ин нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ пайваст мегарданд.

Эмомали Рахмон на возложении венков к Вечному огню во время парада 8 мая2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни солгарди бунёди Артиши Тоҷикистон бо ширкати Раҳмон баргузор мешавад

Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қушунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст.

Тариқи ин марказ дар дигар манотиқи кишвар рафти машқҳо ва ё дигар ҳолати ба амал омада, бо пахши мустақим бе ягон мамоният тавассути маниторҳо назорат мегардад ва оид ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешавад.

Бо ҳамин тартиб фаъолияти бемамонияти ин марказ имконият медиҳад, ки тамоми чорабиниҳои муҳими низомӣ, бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳудуди ҳама гарнизонҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, он аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе идора карда шавад.

Ва ҳолати баамаломада ва иҷрои талаботи пешбинишуда, дар вазъияти ҷанг, замони осоишта ва дар самти муайян намудани вазифаҳои асосии онҳо, ҳамаҷониба таҳлилу ҷамъбаст ва мушаххасан баҳогузорӣ мегардад.

Барои ташкили фаъолияти мунтазами Маркази идоракунии навтаъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дохили иншооти мазкур тамоми шароити зарурӣ бо меъёр ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ, фароҳам оварда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0