ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон изҳороти сардори идораи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Ҳумоюнро роҷеъ ба он, ки "садди кӯли Сарез оҳиста-оҳиста канда шуда истодаасту, як қатор ноҳияҳои вилояти Бадахшон дар минтақаи офати табиӣ мондаанд", рад кард.
Дар ин бора сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба РИА Новости хабар додааст.
Пештар расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки сардори идораи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшони Афғонистон Абдулло Ҳумоюн гуфтааст, ки як қатор ноҳияҳои ин вилоят дар минтақаи офатҳои табиӣ, дар натиҷаи селҳо ва обхезиҳое, ки пас аз барфбориҳои шадид ба вуҷуд омадаанд, мондаанд.
Ба гуфти ӯ, обҳои зиёд ба ноҳияҳои наздимарзии Афғонистон аз Тоҷикистони ҳамсоя, дар натиҷаи фишурда шудани ҳаҷми зиёди оби садди кӯли Сарез дар Кӯҳистони Бадахшон, омадаанд.
Ӯ илова карда, ки саргаҳи кӯли Сарез осеб дидааст. Агар он хароб шавад, пас обхезии фалокатовареро хоҳад овард.
Дар навбати худ, КҲФ Тоҷикистон далоили номатлуб, ки гӯё осеби саргаҳи кӯл ба вазъияти Афғонистон ба вижа дар фасли зимистон таъсир расонид абошад, "беасос" хонд.
Умеда Юсуфӣ қайд карда, ки дар сохтори КҲФ Тоҷикистон идораи махсуси назорат дар минтақаи кӯли Сарез амал мекунад, ки мутахассисони он дар гирду атрофи садди обанбори Усойи кӯли Сарез мушоҳидаи мустақими шабонарӯзӣ мебаранд.
"Ҳамчунин дар реҷаи вақти воқеӣ системаи коммуникатсионӣ ва огоҳсозӣ бо насби таҷҳизоти лозима вуҷуд дорад, ки дар сурати кандани эҳтимолии садди кӯл, фаъол мешавад", — гуфт вай.
Ба гуфти вай ба ғайр аз КҲФ, мутахассисони Оҷонсии гидрометеорологӣ ва геологӣ вазъи муҳити атрофи кӯли Сарезро ба таври ҳамешагӣ назорат мекунанд.
Кӯли Сарез дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст. Дарозии кӯл — қариб 70 километр, амиқии ниҳоӣ — тақрибан 500 метр, сатҳи об — тахминан 3255 метр аз сатҳи баҳр аст, ҳаҷми оби он бошад, зиёда аз 17 километри мураббаъро ташкил медиҳад.