“Давлати исломӣ” кадом яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро ҳадаф гирифтааст?

© AP / Militant Website, FileБоевики ИГИЛ, архивное фото
Боевики ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз самтҳои пешрафти дастаҳо ва таблиғгарони ДОИШ аз Афғонистон ба хориҷ кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Sputnik Узбакистон дар ин матлаб эҳтимоли ҳамлаи ҷангҷӯён ба кишварҳои минтақа ва пайомадҳои он барои амнияти дигар кишварҳоро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бозмондаҳои гурӯҳҳои “Давлати исломӣ” (созмони теруристие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ шудааст), ки дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрдаанд, ба Афғонистон мунтақил мешаванд, мегӯянд Вазорати умури хориҷии Русия ва Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ. Чин дар марзҳои ғарбии худ “Девори бузурги” наве месозад то роҳи нуфузи ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва теруризм дар қаламравашро бибандад.

Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кобулов: ҳадафи ДОИШ сарнагун кардани ҳукумати кишварҳои ОМ аст

Яке аз самтҳои пешрафти дастаҳо ва таблиғарони ДОИШ аз Афғонистон ба хориҷ кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Sputnik Узбакистон дар ин матлаб эҳтимоли ҳамлаи ҷангҷӯён ба кишварҳои минтақа ва пайомадҳои он барои амнияти дигар кишварҳоро баррасӣ кардааст

Дар роҳ ба сӯи хилофати ҷаҳонӣ

Созмонҳои амниятӣ ва интизомии кишварҳои Осиёи Марказӣ то кунун тавонистаанд гурӯҳҳое аз теруристҳоро ошкор ва нобуд кунанд. Чунончи, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар соли 2017 тавониста аз 16 амалиёти теруристӣ дар кишвар пешгирӣ кунад.

Афзун бар ин, нерӯҳои интизомии Тоҷикистон иттилоъоти амниятиро ба ҳамкоронашон аз Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Укроин ва Чин низ вогузор карда ва онҳо низ тавонистаанд даҳ амалиёти теруристиро хунсо кунанд. Дар канори мубориза бо душманҳои дохилӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин марзҳояшонро таҳким карда ва тавони размии нерӯҳои мусаллаҳашонро беҳбуд бахшидаанд. Чуноне ки ҷанг дар Ироқу Сурия нишон дод, созмонҳои ифротгарову ҳаросафкан имрӯз барои расидан ба аҳдофашон на танҳо худкушҳои интиҳорӣ, балки нерӯҳои мусаллаҳ ба зиреҳпӯшҳову тӯпҳову ҳавопаймоҳои бесарнишинро низ ба кор мегиранд.

“Давлати исломӣ” қасд надорад дар Афғонистон бимонад, зеро, чуноне ки бунёдгузорону идеяпардозони он иддиъо мекунанд, ҳадафи аслии ин гурӯҳ таъсиси хилофати ҷаҳонӣ аст. Ин созмон барои хуруҷ аз Афғонистон ба берун роҳе ҷуз Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон надорад. Қазоқистон ва Қирғизистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз нестанд, пойгоҳе барои сарбозгирии ДОИШ шумурда мешаванд.

Джавид Кухистани - генерал сил безопасности Афганистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷовид Кӯҳистонӣ: Ғарб ҷангҷӯёни ДОИШ-ро аз Ироқу Сурия ба Ҳирот меорад

Марзҳо ва паймонҳо

Узбакистон бештар аз дигар ҳамсояҳо бурд карда, ки марзаш бо Афғонистон кӯтоҳтар ва устувортар аст. аз Афғонистон ба Узбакистон танҳо аз пули Ҳайратон метавон гузашт.

Артиши Узбакистон ҳам нерӯмандтарин артиш дар минтақа аст. Ин кишвар аз чанде пеш артишашро мусаллаҳу муҷаҳҳаз ба ҷангафзорҳои нав кардан гирифта ва бо Русия қарордоди ҳамкории низомиву фаннӣ баста ва дар назар дорад, ки аз Қазоқистон зиреҳпӯшҳои нав харид кунад. Ҳамзамон қонунгузории таъсиси муҷтамеъи низомии санъатии миллиро таҳияву тадвин дорад.

Афзун бар ин, Тошканд ва Маскав паймони ҳамкории роҳбурди бастаанд ва агар вазъ дар кишвар бесубот шавад, Артиши Русия ба кумакаш хоҳад расид.

Вале вазъ дар Тоҷикистон печидатар аст: артиши Тоҷикистон камтар нерӯманд аст, марзаш бо Афғонистон тулонитар ва сангару посгоҳ дар он камтар аст. Аз ин рӯст, ки бисёре аз таҳлилгарон Тоҷикистонро ҳадафи аслии Толибон ва “Давлати исломӣ” мешуморанд.

Вале дар ин кишвар лашкари Русия – пойгоҳи низомии 201-ум мустақар аст ва афзун бар он Тоҷикистон узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аст ва ин гуфта ба ин маъност, ки дар сурати таҳоҷум аз хориҷ ва ё буҳронӣ шудани авзоъ Нерӯҳои зудвокуниши СПАД ба ёрии Тоҷикистон хоҳанд шитофт. Б ин далел “ҷаззобияти” зоҳирии Тоҷикистон барои “лашкаркашии” ДОИШ ва Толибон фиреби назаре беш нест.

Аммо вазъ дар Туркманистон печидатар аз ин аст.

Бино бар гузориши The Millitary Balance – 2017, нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон ба далели сатҳи поини омодагии сарбозону афсарон, кӯҳнаву нобасанда будани ҷангафзорҳо ва боқӣ мондани роҳнамои шуравии амалиёти ҷангӣ вазъи ғайриқаноатбахш доранд.

Бино ба додаҳои ғайрирасмӣ, аз Туркманистон ба қаламрави “Давлати исломӣ” чандсад кас фирор кардаву ҳар аз гоҳе дар он кишвар амалиёти теруристие хунсо мешаванд, ки ҳаводорони исломгароии ифротӣ омода мекунанд.

Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Мирзо: Нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ тавони пас задани ҳамлаи ДОИШ-ро доранд

Аммо ба далели расонаӣ набудани ҳукумати Туркманистон, иттилоъоти дурусте аз вазъ дар он кишвар ба расонаҳо намерасад, вале коҳиши нархи нафту газ ва лағви имтиёзҳои иҷтимоъӣ дар паи он гувоҳ бар коҳиши сатҳи беҳзистӣ дар он кишвар аст.

Туркманистон исломгароёнро ҳамчунин бо ҷойгоҳи ҷуғрофиёии худ ҷалб мекунад, ки бо Эрону Узбакистону Қазоқистон ҳаммарз аст. Пойгоҳ ёфтани ДОИШ дар Туркманистон вазъро барои Эрон ҳам печида мекунад, ки аз дер боз бо он душманӣ дорад. Сар задани буҳрон дар Туркманистон Узбакистону Қазоқистонро ҳам водор мекунад, ки бо он даргир шаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ

Дар натиҷа, артиши заъиф, сатҳи поини зиндагии мардум, набуди ҳампаймонҳои низомӣ ва ҷойгоҳи стратегӣ Туркманистонро “заъифтарин ҳалқа” дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардонанд ва имрӯзҳо Ишқобод бояд бештарин нерӯву захоирро ба кор бигирад то суботу амнияти худро таъмину устувор кунад.

Лентаи хабарҳо
0