Тоҷикистон додуситад бо кишварҳои ҷаҳонро ба $190 млн расонд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкКупюры долларов США, архивное фото
Купюры долларов США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2018 ба арзиши $356,2 млн коло ворид карда, ки 92,5 дарсад ё $171,2 млн бештар аз моҳи январи соли 2017 аст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар моҳи январи соли 2018 ҳаҷми муомилоти молии хориҷии Тоҷикистон 443 милюн дулорро ташкил додааст.

Бино ба гузориши Ожонси омори давлатии Тоҷикистон, гардиши коло дар моҳи январ 75,6 дарсад ё 190,7 милюн дулор бештар аз порсол шудааст.

Дар моҳи январ маблағи умумии содирот 86,8 милюн дулор буда, ки 29 дарсад ё 19,2 милюн дулор бештар аз моҳи январи порсол аст. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми содироти нахи пахта 82,7 дарсад ва алюминий ва маҳсулоташ 82,1 дарсад афзудааст.

встреча Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода с Премьер-министром Турецкой Республики Бинали Йилдиримом. - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Туркия мехоҳанд гардиши колоро то $1 млрд афзоиш диҳанд

Воридоти коло ба Тоҷикистон дар ин моҳ 356,2 милюн дулорро ташкил дода, ки 92,5 дарсад ё 171,2 милюн дулор бештар аз моҳи январи соли 2017 шудааст. Аз ҷумла ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ 22 дарсад, гандум — 95,6 дарсад афзоиш ёфта, вале, ҳаҷми воридоти орд 63 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар моҳи январ бо 79 кишвар доду ситад доштааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра чун соли гузашта Русия ва Қазоқистон будаанд.

Моҳи январ ҳаҷми муомилоти коло миёни Тоҷикистон ва Русия андаке бештар аз 80 милюн дулор ва миёни Тоҷикистону Қазоқистон бештар аз 71 милюн дулорро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0