ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, дидори нахуствазирҳои Тоҷикистон ва Туркия дирӯз, 12 декабр дар ҳошияи Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истанбул баргузор гардид.
"Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт", — иттилоъ медиҳад ВУХ ҶТ.
Ҷонибҳо аз фазои мусоиди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар қаноатмандӣ намуда, хостори тавсеаи бештари тамосҳои гуногуни сатҳи сиёсӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, маориф, гардишгарӣ ва дигар бахшҳо гардиданд.
Дар ин замина ду ҷониб азми кишварҳои хешро ҷиҳати то 1 милёрд дулор афзоиш додани гардиши мол таъкид намуда, соҳаҳои насоҷӣ, энергияи обӣ, коркарди маъдан, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ соҳаҳои ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба хонданд.
Нахуствазирҳои ду кишвар ҳамчунин дар бораи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла вазъи Ховари Наздик ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар ин замина низ табодули назар карданд.
Мусоҳибон ҳамзамон кушиши табадулоти низомиро аз ҷониби гуруҳ ва ҳизбҳои террористӣ дар кишварҳои ҳамдигар маҳкум намуда, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои таъмини амният изҳор намуданд.
Дар ин мулоқот вазири умури хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов ва дигар намояндагони расмии ҷонибҳо ҳузур доштанд.