Бозаргонҳои тоҷик ва узбак дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор мекунанд

© Фото : Торгово-промышленная палата РТБизнес форум "Таджикистан-Узбекистан"
Бизнес форум Таджикистан-Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дувумин ҳамоиши бозаргонҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе дар нимаи аввали моҳи март баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар ин ҳамоиш соҳибкорону бозаргонҳои Тоҷикистон ва Узбакистон роҳҳои густариши равобити иқтисодиву тиҷории ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Международная хлопковая выставка в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон дар Тоҷикистон боз як намоишгоҳи санъатӣ баргузор мекунад

Интизор меравад, ки дар паи ин ҳамоиш санадҳои нави ҳамкорӣ миёни корофаринон ва бозаргонҳои тоҷик ва узбак ба имзо хоҳанд расид.

Ин ҳамоиш дар паи баргузории ҳамоишҳо ва намоишгоҳҳои колоҳои санъатии ду кишвар дар соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд барпо мешавад.

Бино ба омори расмӣ, ҳаҷми хариду фурӯш миёни ду кишвар дар соли 2017 ба 126 милюн дулор баробар буда, ки аз он 69 милюн дулор воридоти коло аз Узбакистон ба Тоҷикистон ва 57 милюн дулор содироти коло аз Тоҷикистон ба Узбакистон будааст.

Гардиши коло миёни ду кишвар дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 17,8 дарсад рушд карда ва 197 милюн дулорро ташкил додааст.

Ҳамакнун дар Узбакистон 24 ширкате кор мекунад, ки бо сармоягузории Тоҷикистон бунёд шудаанд ва дар Тоҷикистон 9 ширкат бо сармояи Узбакистон фаъол аст.

Лентаи хабарҳо
0