Узбакистон дар Тоҷикистон боз як намоишгоҳи санъатӣ баргузор мекунад

© Sputnik / Рамиз БахтияровМеждународная хлопковая выставка в Ташкенте
Международная хлопковая выставка в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти тоҷик ва узбак барои баргузории намоишгоҳи тавлидоти санъатии Узбакистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, Узбакистон дар моҳи март дар Тоҷикистон боз як намоишгоҳи дигар баргузор мекунад.

Бино бар гузоришҳо, дар дидори Шариф Саид, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва Ботирҷон Асадов, муовини раиси утоқи бозаргонии Узбакистон ду тараф мувофиқати худро барои баргузории ин намоишгоҳ дар моҳи марти имсол эълом карданд.

Шариф Саид дар ин замина гуфтааст, сафари ҳайати иқтисодии Узбакистон ва тавофуқ барои намоишгоҳи санъатии Узбакистон дар Душанбе дар чорчӯби фаъолияти комиссияи ҳамкориҳои муштараки ду кишвари ҳамсоя сурат гирифтааст.

Тошканд ва Душанбе дар ҳоли тай кардани раванди пуршитоби ҳамгароиҳо ҳастанд.

Ин раванд пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев оғоз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0