Маҷлиси миллӣ раисҷумҳурии 30-солаҳоро ҷонибдорӣ кард

Обуна шудан
Пеш муҳлати номзадӣ ба симати раисҷумҳурӣ аз 35-сола боло буд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik.  Маҷлиси Миллӣ аз ислоҳи қонун дар бораи интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард. Ин ислоҳот, ки даҳ рӯз пеш дар Маҷлиси Намояндагон тасвиб шуда буд, роҳи афроди 30-соларо барои довталабӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мекушояд.

Дар умум Маҷлиси миллӣ  се қонуни конститутсионӣ, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро  баррасӣ намуданд.

Выборная корзина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Акнун 30-солаҳо низ метавонанд раисҷумҳури Тоҷикистон шаванд

Масъалаҳои иҷлосияро раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, Маҳмадюсуф Имомзода, Давлатшо Гулмаҳмадзода, Раҳмоналӣ Амирзода шарҳу тавзеҳ доданд.

Ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон, таъмини амнияти фазои интихоботии кишвар ва баргузор намудани интихоботи шаффофу демократӣ гуфта шудааст.

Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он", "Дар бораи мораторий  ба санҷишҳои  фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ  дар соҳаи истеҳсолӣ", "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.

Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он", "Дар бораи мораторий  ба санҷишҳои  фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ  дар соҳаи истеҳсолӣ", "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.

Қонун "Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он" кишт, истеҳсол,  воридот, содироти ғалла ва маҳсулоти ғалла, ваколатҳои  мақомоти маҳаллиро дар соҳаи  ғалла,  экспертиза ва сифати ғалла, назорати давлатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ғалла ва маҳсулоти коркарди онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Бо қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғалла ва  маҳсулоти коркарди он" Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғалла" аз эътибор соқит дониста мешавад.

Памятник основателю первого Таджикского государства Исмаилу Сомони в городе Курган-Тюбе в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шуд: Қӯрғонтеппа расман ба Бохтар номгардон шуд

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторий  ба санҷишҳои  фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ  дар соҳаи истеҳсолӣ", бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ таҳия гардидааст. 

Дар иҷлосия ҳамзамон  ба Кодексҳои андозу гумрук  тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои андозу гумрук барои истеҳсоли либоси шакли ягонаи мактабӣ ва томактабӣ, воридоти автомашинаҳои нав, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, инчунин вородоти технологияву таҷҳизот ва маводи истеҳсолот барои таъминоти соҳаи паррандапарварӣ, воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ имтиёзҳо дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0