ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Ҳамоҳангсози барномаи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҷаноби Реджиналд Питтс, намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Ҳабибуллоев Сафар, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Нуъмонзода Раҳматулло ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Абдуллозода Зумрад ва дигар шахсони расмӣ ширкат кардаанд.
Дар ин бора равобити умуми ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
Муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода Григорий Пустовитовро барои ба тозагӣ таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъулият табрику таҳният гуфтаасту дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кардааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили дурнамои таҳкими минбаъдаи робитаҳои ВКД ҶТ ва Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои он (ЦАРИКЦ)-ро баррасӣ кардаанд.
Гуфта шудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои он бояд дастаҷамъона кӯшиш намуда, дар якҷоягию ҳамбастагӣ мубориза бурда, мубодилаи иттилооти оперативӣ тақвият бахшида шавад.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо баҳри рушду густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.