Милисаи Душанбе ҷавони 19-солаеро ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кард

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавон манзилеро дар пойтахт ба иҷора мегирифтааст. Вай бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш хонаашро ба фоҳишахона табдил додааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Имрӯз, 17 феврал Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони ниҳод дар шаҳри Душанбе ҷавони 19-солаеро ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи гузашта, ҳангоми амалиёти тафтишотиву бозҷӯӣ  кормандони милитси ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карданд.

Тавре ВУД афзудааст, ҷавон ин ҷиноятро бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш анҷом додааст.

"Муттаҳам, 12-уми феврали соли равон, тахминан соати 19:20-дақиқа, бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш марди 22-солаи сокини ноҳияи мазкур, хонаи ба иҷора гирифтаашон, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакиро ба фоҳишахона табдил дода, ба  ҷавони 25-сола ва зани 35-солаи душанбегӣ барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 350-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0