Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Обуна шудан
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, то 17 феврали соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр) эхтимоли фаромадани тарма ва сангреза дар назар буда, дар роҳҳои автомобилӣ яхбандӣ пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 16 фев- Sputnik. Расонаҳои расмии Тоҷикистон бо такя ба сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳад, ки дар дарёҳои аз қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда, инчунин дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу баландшавии сатҳи об дар назар аст.

"Дар ин росто Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон муроҷиат карда, хоҳиш мекунад, ки аз сафар намудан бо роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Хоруғ-Мурғоб муваққатан худдорӣ намоянд".

Расчистка дороги после снежной лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Имдодрасонҳои КҲФ ҳафт мусофирро аз зери тарма берун оварданд

Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, наҷотдиҳандагони Кумита 15 феврал дар километри 69-уми шаҳри Душанбе дар натиҷаи фаромадани тарма ду мошин зери тарма мондаанд, ки наҷотдиҳандагони Кумита 7 нафарро аз марг наҷот доданд.

Дар ҳамин ҳол сардори Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дода, ки шурӯъ аз бегоҳии 14 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои намнок аз минтақаҳои ҷанубу ғарб ба ҷумҳурии мо дохил шуд ва боиси ноустувор гардидани вазъи обу ҳаво дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардид.

"То имрӯз баландии барф дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ то ба 79 см расида, дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд баландии барф дар баландкӯҳҳо то 43-45 см  расид. Дар ағбаи Анзоб баландии барф ба 86 см баробар шуд".

Чунин вазъи ҳаво то 16 феврал давом карда, аллакай рӯзи 16 дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳаво бебориш хоҳад гашт. Ва эҳтимолияти шиддат гирифтани боришот 20 феврал пешгӯӣ карда мешавад, вале рӯзи 21 феврал боришот қатъ мегарданд.

Барф дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Тарма роҳҳоро дар Бадахшон баст

"Дар рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, вале рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар доманакӯҳҳо аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар вилояти Суғд гарчанде ҳаво  бебориш аст, ҳарорат шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона боридани боришот пешбинӣ мешавад. Дар ВМКБ қатъ гардидани бориши борон дар назар аст. Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, асосан бебориш хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0