Имдодрасонҳои КҲФ ҳафт мусофирро аз зери тарма берун оварданд

© Фото : пресс-служба КЧС РТРасчистка дороги после снежной лавины, архивное фото
Расчистка дороги после снежной лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафт мусофире, ки худравҳояшон дар роҳи Душанбе – Хуҷанд зери тарма монда буд, бо ёрии имдодрасонҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода наҷот ёфтанд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ин мусофирон дар 69-ум килуметри роҳи Душанбе – Хуҷанд зери тарма монда буданд, гузориш медиҳад равобити умумии КҲФ Тоҷикистон.

“Панҷшанбе, 15 феврал дар паи фурӯ рехтани тарма дар 69-ум килуметри роҳи Душанбе-Хуҷанд ду худрав зери барф монданд. Кормандони КҲФ дар паи амалиёти имдодрасонӣ ҳафт мусофири ин худравҳоро зинда аз зери тарма берун оварданд”, — гуфтанд дар ин ниҳод.

Барф дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Тарма роҳҳоро дар Бадахшон баст

Имдодгарон ба тармазадагон ёрии аввалияи пизишкӣ расондаву онҳоро ба маҳалли амн бурдаанд.

Имрӯз ҳамчунин дар чанд ҷо аз бузургроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма – Қароқурум низ тарма фурӯ рехтаву роҳро баста аст. Чунончи, роҳи Хоруғ – Душанбе дар рустоҳои Ёгед, миёни Деҳ ва Шипад, Қалот ва Пастхуф дар паи фурӯ рехтани тарма баста шуда ва милаҳои хатти барқ шикаста шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0