Миёни Душанбе ва Хуҷандро автобусҳо мусофирбарӣ хоҳанд кард

© Sputnik / Владимир ПесняАвтобус на трассе
Автобус на трассе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳандозии мусофирбарии автобусӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд имконсанҷӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мусофирбарии автобусӣ роҳандозӣ хоҳад шуд, гуфт Қурбоналӣ Хизиров, мудири бунгоҳи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикӣ”

Вай афзуд, ки барои имконсанҷии роҳандозии мусофирбарии миёншаҳрӣ коргурӯҳи вижае ташкил шуда, ки бо автобуси ширкати Asian Express Terminal аз Душанбе Хуҷанд рафтаву баргаштааст.

“Ин коргурӯҳ, ки аз намояндагони Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил шудааст, дар паи ин рафту баргашт маълум карда, ки бархе мушкилот ҷой доранд ва барои роҳандозии мусофирбарӣ бо автобусҳо онҳоро бартараф кардан лозим аст», — гуфт Хизиров.

Рустам Эмомали на открытии новой автобусной остановки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе корхонаи автобуссозии "AKIA" бунёд мешавад

Вай афхзуд, ки ин масоил марбут ба таъмини амнияти мусофирбарӣ ҳастанд.

“Мусофирбарии мунтазам миёни Душанбе ва Хуҷанд пас аз ҳалли ин мушкилот роҳандозӣ хоҳад шуд”, — гуфт Хизиров.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш дар Тоҷикистон сохтмони корхонаи автобуссозӣ оғоз шуд. Ин корхона қарор аст солиёна 250 – 300 автобус тавлид кунад.

Лентаи хабарҳо
0