“Барқи тоҷик” масрафи солонаи барқи ТАЛКО-ро ошкор кард

© Фото : Посольство России в ТаджикистанеГосударственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО
Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО” соли гузашта 16,5 дарсад аз ҳаҷми кулли нерӯи барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои “Барқи тоҷик”-ро масраф кардааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Порсол ширкати “ТАЛКО” 2,5 милёрд кВт/соат нерӯи барқ масраф карда, ки 412,2 милюн кВт/соат камтар аз перорсол аст.

“Ширкати “ТАЛКО” соли гузашта 2,533 милёрд кВт/соат нерӯи барқ масраф карда, ки 412,2 милюн кВт/соат камтар аз соли 2016 аст”, — гузориш дод раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода.

Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз баҳор ба Узбакистон барқ содир хоҳад кард

Вай ёдоварӣ кард, ки корхонаи алюминии Тоҷикистон перорсол 2,95 милюн кВт/соат нерӯи барқ масраф карда буд.

Исмоилзода ҳамчунин гузориш дод, ки нерӯгоҳҳои ширкати “Барқи тоҷик” дар соли 2017 куллан 15,36 милёрд кВт/соат нерӯи барқ тавлид кардаанд, ки 955,8 милюн кВт/соат бештар аз соли 2016 аст. Аз ин миқдор 16,5 дарсадро ширкати “ТАЛКО” масраф кардааст.

Дар соли 2016 ин ширкат 20,4 дарсад аз кулли барқи тавлидии корхонаҳои “Барқи тоҷик”-ро масраф карда будааст.

Лентаи хабарҳо
0