Дар Ишкошим сокинони ду деҳа аз гандум заҳролуд шуданд. Як кӯдак фавтид

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкВ пекарне. Архивное фото
В пекарне. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як соҳибкор дар ин ноҳия моҳҳои августи соли гузашта аз ноҳияи Ҳамадонӣ гандум оварда, ба сокинони деҳа фурухтааст. Дар натиҷаи истеъмоли нони гандумӣ мардум заҳролуд шуда, чанд нафар дар беморхона бистарӣ шуданд. Як кӯдак ба ҳалокат расида, эҳтимол меравад, ки заҳролуд шудани чанде дигарон дертар маълум шавад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тавре сухангӯи раиси вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, сокинони ду деҳаи ноҳияи Ишкошим аз истеъмоли нони гундумӣ заҳролуд шудаанд.

Тавре мутахассисон маълум карданд, дар таркиби гандум растании заҳролуди гелиотроп мавҷуд будааст. Гуфта мешавад, 17 январ 5 тан узви як хонавода аз деҳаи Питун бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаи вилоятӣ бистарӣ гардиданд. Пас аз ташхис муайян карда шуд, ки онҳо пас аз истеъмоли нони гардумӣ, ки дар таркибаш растании заҳрноки гелиотроп будааст, ба бемории гепатити гелиотроп гирфтор шудаанд, яъне заҳролуд шудаанд.

Мутаасифона як кӯдаки ин хонавода ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 3 январ айнан бо чунин нишона узви як хонаводаи дигари ҳамин деҳа ба бемористон бистарӣ шуданд. Як кӯдаки дигар дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Плов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба палав нитрити натрий омехта шудаст: мақомоти Хуҷанд далели марги чор танро эълом кард

Аз рӯи иттилои мутахассисон то имрӯз, бо ҳамин нишонаҳо 19 тан ба бемористон бистарӣ шуда, 8 нафари онҳо кӯдаканд. Ҳамчунин сокинони ду деҳаи ноҳияи Ишкошим аз ташхис гузаронида шуданд, ки эҳтимо меравад заҳролудшавии 60 нафари онҳо рӯзҳои наздик муайян шавад.

Ба қавли мутахассисони соҳа як қисми сокинони ноҳия истеъмоли гандуми заҳролудгардидаро аз моҳҳои декабри соли 2017 ва январи соли равон оғоз намудаанд ва ин эҳтимолияти то моҳи апрел пайдо шудани нишонаҳои бемориро ба бор меорад.

 Маълум гардид, ки соҳибкори маҳаллӣ, сокини деҳаи Тугози ҷамоати деҳоти Питуп Раҳматов Шавкат моҳи августи соли 2017 аз нохияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба миқдори 5 400 кг гандум оварда, ба сокинони ҷамоат фурӯхтааст, ки мутаассифона дар таркиби он растании заҳролуди гелиотроп мавҷуд буда, боиси заҳролудшавии нафарони онро истеъмолкарда гардидааст. 

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Нони заҳролуд: Маҳпора Ҳикматова чаҳор бор кӯшида хешовандони шавҳарашро бикушад

Гуруҳи корӣ бо дастури Раиси вилоят гандуми боқимонда ва орди аз он тайёркардашударо, ки ҳануз аз тарафи аҳоли истеъмол карда нашудааст, бозпас гирифта, дар байни аҳоли корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.

Дар ивази гандуми бозпасгирифташуда бо дастури роҳбарияти вилоят ҳамчун ҷуброн барои онхо орд дастрас карда шуд. Сохибкори маҳаллӣ аз шаҳри Хоруг Насриддин Сабзалиев бар ивази гандуми бозпасгирифташуда барои сокинони ҷамоати деҳоти Питуп ба микдори 2 500 кг орд дастрас намуд.

Дар маҷмуъ сокинони  Питуп ва деҳоти атрофи он зери назорати мутахассисони соҳаи тандурустӣ карор дошта, бо пайдо шудани авалин нишонаҳои бемории гепатит кӯмаки тиббӣ расонида мешаванд. Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед бо мутахассисони соҳаи тиб дар ин масъала мулоқот кард.

Лентаи хабарҳо
0