Вазорати дифоъи Афғонистон: “Толибон” рӯ ба шикаст оварда аст

© AP / Rahmat GulСолдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабад, архивное фото
Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамлаҳои ҳавоии Артиши миллии Афғонистон бар “Толибон” тавоноии размии ҷангҷӯёнро 50 – 60 дарсад коста ва масири ҷангро тағйир додааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Амалиёти зимистонии Артиши миллии Афғонистон тавони ҷангии “Толибон”-ро коҳиш додааст, гуфт Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон.

“Танҳо дар 20 рӯзи гузашта талафоти сангин бар гурӯҳи “Толибон” ворид шуда ва садҳо тан аз ҷангҷӯёнаш кушта шудаанд. Чунончи, дар ду ҳафтаи гузашта дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Ғазнӣ 244 ҷангҷӯй кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд”, — гуфт Вазирӣ.

Косимшо Искандаров - Sputnik Тоҷикистон
Қосимшоҳ Искандаров: бо нерӯи низомӣ наметавон теруризмро дар Афғонистон шикаст дод

Вай афзуд, ки дар ин амалиёт миқдори зиёде аз таҷҳизоту муҳимоти ҷангии “Толибон” ба дасти нерӯҳои давлатӣ уфтода аст. Бархе аз мавзеъҳои “Толибон” низ дар ин амалиёт вайрон карда шудаанд.

Вазирӣ ҳамчунин гуфт, ки баҳори оянда амалиёти низомӣ бар марокизи “Толибон” мутамарказ хоҳад буд.

Бино ба гузориши Вазорати дифоъи Афғонистон, танҳо дар як моҳи январ “Толибон” масъулияти 472 ҳамларо ба дӯш гирифтаанд, ки ин рақам бесобиқа аст. ҳамчунин, чанд ҳафта пеш дар ҳамлаҳои интиҳории “Толибон” дар Кобул беш аз 140 кас кушта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0