Медали духтари тоҷик дар сабқати каратэи Алмаато

© Федерация каратэ-кекушинкай ТаджикистанаТаджикские каратисты привезли медали из Казахстана
Таджикские каратисты привезли медали из Казахстана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Алмаато сабқати байнилмилалӣ оид ба каратэ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар ин сабқат беш аз 200 варзишкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.

Каратэистҳои синну сол ва вазнҳои мухталиф байни ҳам рақобат карданд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар шомил шуданд.

Дар дороиҳои дастаи тоҷик медалҳои нуқра ва биринҷӣ аст. Варзишгарон Раҳимов Довуд, Гулмуҳаммадов Наим, Палвонов Билол, Гулов Аюбҷон, Асроров Асрор, Музафаров Мустафо, Сафаров Қадрулло, Файзуллои Самариддин ва Холмуродова Сафина аз дигарон бартарӣ доштанд.

Холмуродова, ягона духтари варзишгар буд, ки тавонист медали биринҷӣ ба даст орад.

Разминка национальной сборной Республики Таджикистан по Каратэ-до (WKF) - Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи ҷумҳуриявии каратэ-до годзю-рю ҷамъбаст шуд

Чӣ тавре, ки ба Sputnik Тоҷикистон раиси Федератсияи каратэ-кекушинкойи Тоҷикистон Ҳикматулло Кароматов хабар дод, варзишгарон натиҷаҳои хуб нишон доданд.

"Умуман варзишгарони мо меҳмонони муқаррари мусобиқоти мухталифи байналмиллалиянд ва мо шодем, ки ба дастаи мо муяссар мегардад ҳамеша медал ба даст биёрад. Дар оянда боз сабқатҳои дигар баргузор хоҳанд шуд ва моро мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун интизоранд, ки кӯшиш мекунем то дар онҳо натиҷаҳои хуб нишон диҳем", — гуфт ӯ.

Кёкушинкой— услуби каратэест, ки аз тарафи марди ҷопонии куриёнажод Масутатсу Оямой дар солҳои 1950 таъсис ёфтааст. Кёкушинкой яке аз душвортарин ва хашинтарин навъҳои каратэ ба шумор меравад. Ҷангҳои тан ба тани варзишӣ — кумитэ дар кёкушине бо иртиботи пурра ва бидуни таҷҳизоти муҳофизатӣ (кулоҳҳо, дастпӯшакҳо, муҳофизон) гузаронида мешаванд.

Маҳдудияти ягона — мамнӯъияти зарба ба сар бо даст аст. Ҷангҳои тан ба тани иртиботи комил, ки аз зарбаҳои ҳавоӣ тавассути пойҳо ва аз зарбаҳои пурқуввати дастҳо иборатанд, ҳамеша ба сабқатҳои каратэ кёкушинкой таваҷҷӯҳи зиёди тамошобинонро ҷалб мекунанд.

Дар Тоҷикистон каратэ-кёкушинкой инкишофи худро дар солҳои 80-уми асри гузашта ёфта буд. Федератсияи ин навъи варзиш соли 2003 ба таври расмӣ сабти ном шудааст.

Дар тӯли зиёда аз 10 соли фаъолияти ФКК-и Тоҷикистон, варзишкорони  услуби кёкушинкой зиёда аз 300 медалҳои гуногунро дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла дар Ҷомҳо ва сабқатҳои ҷаҳонӣ, ба даст овардаанд.   

Лентаи хабарҳо
0