Мусобиқаи ҷумҳуриявии каратэ-до годзю-рю ҷамъбаст шуд

Обуна шудан
Мусобиқа бо ибтикори Федератсияи каратэ-дои миллии годзю-рю-и Тоҷикистон ташкил шуда дар он аз вилоятҳои Хатлон, Суғд шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ беш аз 1000 варзишгар иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории СМ-1, мусобиқаи ҷумҳуриявии каратэ-до годзю-рю рӯзҳои 19-20-уми август дар шаҳри Гулистон доир шуд.

Мусобиқа бо ибтикори Федератсияи каратэ-дои миллии годзю-рю-и Тоҷикистон ташкил шуда дар он аз вилоятҳои Хатлон, Суғд шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ беш аз 1000 варзишгар иштирок карданд.

Беш аз 600 нафар каратечиён, ки Суғдро муаррифӣ мекарданд бо ба даст овардани 50 дарсади медалҳои тиллову нуқра ва бринҷӣ ҷои якумро касб карданд. Фозил Ахмедов, мураббии мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд, ки беш аз 150 каратечиёни ин мактабро дар мусобиқа роҳбарӣ мекард гуфт, 50 нафар аз дастпарваронаш медали тилло, нуқра ва бринҷиро соҳиб шуданд. Ӯ мегӯяд, соли 2016 каратэ-до намуди олимпӣ гардид ва ҳоло каратечиёни Хуҷанд талош доранд, ки соли 2020 дар Токио дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кунанд.

Лентаи хабарҳо
0