Ба палав нитрити натрий омехта шудаст: мақомоти Хуҷанд далели марги чор танро эълом кард

Обуна шудан
Сару садоҳое амсоли он, ки гӯё фавтидагон аз арақ ва дигар намуди машрубот заҳролуд гардидаанд, комилан ғалат буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати чӣ гуна роҳ ёфтани нитрити натрий ба оши ҳарифона маълум намуда истодаанд

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд расман далели марги 4 тан сокини маҳаллаи 19-уми шаҳрро шарҳ дод.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 30-уми декабр дар назди бинои 5-уми микраноҳияи 19 чанд сокини шаҳр оши палав пухта якҷоя истеъмол кардаанд.

"Шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов, Бахтиёр Мирбобоев, Маъруф Алиев, Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов, Равшан Мӯъминов, Ҳотам Раҷабов ва Комил Зокиров дар назди бинои 5, микроноҳияи 19-и шаҳри Хуҷанд тақрибан соатҳо 12-и 30-юми декабри соли 2017 оши палави ҳарифона ташкил намуда, онро якҷоя истеъмол менамоянд. Ҳамзамон аз оши палави номбаршуда ба ҳамсари Абуҷаббор Норматов-Муборакхон Норматова низ равон менамоянд, ки охирон аз он таъом истеъмол менамояд",- менависад манбаъ.

Задержание. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: мардеро дар қурутобхона лату кӯб карда, 7 рӯз дар анбор ғайриқонунӣ нигоҳ доштанд

Гуфта мешавад, баъди шаш соати истеъмоли ош шаҳрвандон Абуҷаббор Норматов ва Муборакхон Норматова дар вуҷудашон бемориро ҳис менамоянд ва ба худмуолиҷа машғул шуда то соати 22:00 дар хонаи худ меистанд. Баъдан мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ро даъват менамоянд. Онҳоро дар беморхонаи касалиҳои сиоятии шаҳр Хуҷанд фавран бистарӣ мекунанд ва аз тарафи духтурон меъдаи беморонро мешӯянд.

Тақрибан соатҳои 23:55 тариқи "Ёрии таъҷилӣ" боз як бемор бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ, паст будани фишори хун, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба бмеорхонаи мазкур оварда шуд, ки аз вай Бахтиёр Муртазоев сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, хонаи 3, ҳуҷраи 24 номбурда мешавад, ки ӯ низ аз оши ҳарифона истеъмол намудааст.

Тибқи иттилоъи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз натиҷаи муоинаи духтурон бармеояд, ки дар ҳар се бемор кабудшавии нохунҳо ва гирди лабу забон дида мешавад. Аз сабаби набудани дарунравӣ, тасфи бадан, қайкунии зиёд, ташхиси заҳролудшавӣ аз ғизои манбааш сироятӣ инкор карда шуд.

Дар натиҷаи муоинаи эпидемологӣ муайян шуд, ки дар оши ҳарифона 8 нафар иштирок дошта, фавран боз ду нафар Равшан Мӯъминов ва Ҳотам Раҷабов дар беморхонаи шаҳрии №1 шуъбаи гемодиализ бистарӣ карда шуданд.

Аз тарафи Маркази экспертизаи судӣ-тиббии вилояти Суғд муайян карда шуд, ки дар оши ҳарифона номбурдагон ба ҷойи намаки ошӣ нитрити натрий истифода шудааст.

Афзун бар ин, манбаъ қайд мекунад ҳар чор нафаре ки қурбони ин рухдод шудаанд, дар хонаҳояшон ба ҳалокат расидаанд.

"Мутаасифона шаҳрванд Маъруф Алиев дар маркази дилшиносӣ ва шаҳрвандон Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов ва Комил Зокиров дар хонаҳои истиқотматии худ фавтиданд",- менависад дафтари матбуотӣ.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба аҳли оила ва пайвандони марҳумон изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, ба эшон сабри ҷамил ва пуртоқатиро хоҳон аст.

Мақомоти шаҳр овозаҳои аз арақ заҳролуд шудани фавтидагонро инкор мекунад.

"Бинобар ин сару садоҳое амсоли он, ки гӯё фавтидагон аз арақ ва дигар намуди машрубот заҳролуд гардидаанд, комилан ғалат буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати чӣ гуна роҳ ёфтани нитрити натрий ба оши ҳарифона маълум намуда истодаанд",- омадааст дар анҷоми иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0