Се ҷанҷол бо корду табар дар ҳолати мастӣ дар ду рӯзи охир дар Тоҷикистон

© Sputnik Убийство ножом
Убийство ножом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ду рӯзи ахир 3 ҳолати ҷанҷолу хархашаро бо олатҳои тез-корду табар ба қайд гирифт, ки дар ҳар се ҳолат ҳам муттаҳамон масту сархуш буданд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии ВУД ҶТ хабар медиҳад, дар ду рӯзи охир арақ ва майнӯшӣ сабаби ҷанҷол байни сокинон шудааст. Мутаассифона дар пайи ин ҳодисаҳо як тан кушта шуда, ду нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Чунин як ҳодиса рӯзи гузашта дар ноҳияи Конибодом рух додааст. 09.02.с.2018, зимни гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ милисаи Конибодом марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви ҳамин шаҳрроба иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мастӣ ба пастӣ: ҷавони 30-сола дар ҳолати мастӣ ҷияни 11-солаашро куштааст

Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, 7-уми феврали соли равон, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар бошишгоҳи саҳроии "Солиҷон", воқеъ дар деҳаи Ниёзбек, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 28-солаи ҷамоати деҳоти Шарифов, ҷангу ҷанҷол карда, бо табарчаи дар дасташ буда, ба аъзои бадани ӯ задааст. 

Бо рух додани чунин ҳодиса марди ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор дорад.

Дар шаҳри Кӯлоб бошад, ду ҷавон дар кӯча дар ҳолати мастӣ дастбагеребон шуда, яке дигареро бо корд захмӣ кардааст.

ВУД менависад, ба милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 8-уми феврали соли 2018, тахминан соати 17:20-дақиқа, ҷавони 25-солаи шаҳри мазкур, ҳангоми дар кӯчаи Сафарови ҳамин шаҳр қарор доштанаш, дар ҳолати мастӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба аъзои баданаш задааст. 

Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. 

Дастбанд, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми куштор дастгир гардид

Агар дар ин ҳолатҳо ҷабрдидаҳо ҷароҳат бардошта, ба беморхона бистарӣ шуда бошанд, дар ҳолати севум ҷанвол бо куштор анҷом ёфтааст.

Чунончӣ, 09.02.с.2018, ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ  кормандони милиса муайян карданд, ки ду нафар марди 46 ва 45-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат, 8-уми феврали соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, дар манзили истиқоматии марди 45-сола, ки бо корҳои сохтмонӣ машғул буданд, ҳангоми хӯроки шом, нӯшокиҳои спиртиро истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, марди 45-сола бо корди хоҷагӣ, 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи марди 46-сола задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳар се ҳодиса низ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ёдрас мешавем, чанде пеш сокинони вилояти Бадахшон ба расиҷумҳури Тоҷикистон мактуб навишта, хоҳиш карда буданд, ки фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар ҳудуди вилоят мамнуъ шавад.

 

Лентаи хабарҳо
0