ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар шаҳри Фрязинои вилояти Маскав зимни боздошти шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон корманди пулис аз силоҳи оташфишон истифода бурд, иттилоъ медиҳад ВКД-и Русия.
Мувофиқи маълумоти ВКД субҳи рӯзи ҷумъа дар соҳили дарёчаҳои шаҳри Фрязино ҷасади ду моҳигир бо нишонаҳои зарбаи корд дар қисмии гардан дарёфт гардиданд.
"Дар давоми се соат аз ҷониби кормандони пулис шахси гумонбар шаҳрванди Тоҷикистон соли таваллудаш 1992, ки ҳангоми дастгир шудан муқофимат нишон дода, бо корди дар дасташ буда ба корманди пулис ҳамла кард, маълум карда шуд",-иттилоъ дод намояндаи расмии ВКД-и Русия Ирина Волк.
Ба гуфти ӯ корманди пулис бо истифодаи силоҳи оташфишон даст ва пои гумонбарро захмӣ кард. Гумонбар дар бемористон бистарӣ гардида, аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.