Шаҳрдорӣ мардуми Душанберо солим мегардонад

© SputnikДушанбе, архивное фото
Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар "Маркази ҷавонон" Душанбе вохӯрии масъулини дастгоҳи раисҷумҳур, Вазорати тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти Душанбе бо фаъолон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 9 фев— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи дидори мазкур таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва беҳдошти вазъи сиҳатии омма мебошад.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ мардуми Душанберо фарҳанги шаҳрнишинӣ меомӯзонад

Ба иттилоъи манбаъ, барои пешгирии касалиҳои сироятӣ барномаҳои миллии муқовимат барои солҳои 2005–2010, баъдан барои солҳои 2011-2015 ва ахиран барномаи навбатӣ барои солҳои 2017–2020 қабул гардидаанд.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам дар байни аҳолии шаҳри Душанбе, бахусус ҷавонони синну соли никоҳӣ ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва миёнаи умумӣ аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, чорабиниҳои мухталифи оммавӣ варзишӣ, профилактикӣ, илмӣ-назариявӣ доир менамоянд.

Дар соли 2017 бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт сохта ба истифода дода шудани беш аз 70 майдончаҳои варзишӣ аз ғамхории Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нисбати солимии ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади беҳдошти саломатии наврасону ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои номатлуб соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе боз 92 майдончаи дигари варзишӣ сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0