ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар ин бора қарори вижаи шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ, рӯзи 1 феврал ба имзо расидааст.
Бино бар иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе, ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ, ки намояндагони Ҳукумати шаҳрро дар бар мегирад, дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба тарғиби паёми раисҷумҳур, қонуни ҶТ дар бораи масъулияти падару модар, ва тарғиби қонуни танзим машғул мешавад.
"Гурӯҳи таблиғотӣ ҳамчунин бо сокинон аз одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ сӯҳбат хоҳад кард", —омадааст дар иттилои манбаъ.
Раисони ноҳияҳои Душанбе бояд аз рафти баргузории чорабиниҳо ба шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ гузориш диҳанд.