ВКХ Русия: Маскав нерӯи размии пойгоҳи 201-умро афзоиш дод

© © Пресс-служба ЦВОВоеннослужащий РВБ в Таджикистане, архивное фото
Военнослужащий РВБ в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маскав тавони размии пойгоҳи низомии 201-умро бо ҳадафи пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар хатарноктарин манотиқи марзӣ афзоиш додааст, гуфт Александр Стерник, мудири Дафтари севуми кишварҳои ҳамсуд дар Вазорати умури хориҷии Русия

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Русия тавони размии пойгоҳҳои низомии худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар вокуниш ба таҳдидҳо аз сӯи Афғонистон афзоиш дод, гуфт мудири Дафтари севуми кишварҳои ҳамсуд дар Вазорати умури хориҷаи Русия.

“Марзҳои ҷанубии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз дер боз ба иллати авзоъи Афғонистон дар маркази таваҷуҳи Маскав қарор доранд. Акнун бояд ҷобаҷоии ҷангҷӯёни шикастхӯрдаи ДОИШ аз Сурияву Ироқ ба Афғонистонро низ дар назар бигирем”, — гуфт Александр Стерник дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Вай ёдоварӣ кард, ки ин хатарҳо “дирӯз падид наомадаанд” ва аз ин рӯ Русия ва ҳампаймонҳояш дар Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ ва Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд “ҳамвора иқдомоти лозими пешгирона анҷом медиҳанд”.

Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кобулов: ҳадафи ДОИШ сарнагун кардани ҳукумати кишварҳои ОМ аст

“Амнияти марзҳо ва тавони сохторҳои низомӣ афзоиш дода мешавад. Нерӯҳои низомии кишварҳои ҳампаймон навсозӣ ва сарбозону афсаронашон омӯзиш дода мешаванд. Тавони размии пойгоҳи низомии 201-ум бо ҳадафи пуштибонӣ аз нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар хатарноктарин манотиқи марзӣ афзоиш дода шудааст”, — тавзеҳ дод Стерник.

Вай ҳамчунин гуфт, ки зарфиятҳои пойгоҳи нерӯи ҳавоии Русия дар Қирғизистон низ тақвият шудааст. Ин иқдомот барои таҳкими системаи амнияти марзӣ кофӣ ҳастанд, ки ҳампаймонон аз амнияташон нигарон набошанд.

Стерник афзуд, ки раванди беҳбуди равобит миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон бар авзоъ дар водии Фарғона низ асари мусбат гузоштааст.

“То чанде пеш ин хатар вуҷуд дошт, ки дар сурати сар задани кашокаш миёни ин се кишвар дар ин минтақа ифротгароён метавонистанд аз он суъистифода баранд. Акнун ки ҳамкориҳои Тошканд бо Бишкек ва Душанбе рӯ ба беҳбуд ниҳодаанд, ин риск камтар шудааст”, — гуфт масъули Вазорати умури хориҷии Русия.

Чанде пеш Замир Кобулов, мудири Дафтари дувум Осиё дар ВКХ Русия, ҳушдор дода буд, ки “ҷангҷӯёни ДОИШ ба Афғонистон на барои ҷанг бо нерӯҳои Амрико, балки барои бунёди пойгоҳ барои ҳамла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаанд”.

Вай ёдоварӣ карда буд, ки дар миёни ин ҷангҷӯёни шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ ҳастанд ва ҳадафашон ин аст, ки вазъро дар ин минтақа бесубот карда ҳарҷу марҷ падид оваранд ва давлатҳои ин кишварҳоро сарнагун кунанд.

Лентаи хабарҳо
0