ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Сохтмони бузургтарин театри Тоҷикистон дар Душанбе муваққатан қатъ шуд. Дар ин бора вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар нишасти хабарӣ гуфт.
Ба гуфти вазир сабаби боздошти муваққатии сохтмони театри миллӣ аз ҷумла мушкилоти молӣ аст.
"Саволҳои бисёре пайдо шуд, ки ҳалли оҷилиро талаб дорад. Иншоот бузург аст. Ҳафт ошёнаро дар бар мегирад. Барои бунёди он вақт ва маблағ лозим аст. Сохтмони театр муваққатан боздошт шуда дар замони наздик аз сар гирифта мешавад ", — гуфт вазири фарҳанг.
Бунёди пурраи театр дар солҳои 2019-2020 дар назар аст.
"Мо умед дорем, ки театр дар вақтҳои муайяншуда дарҳои худро боз хоҳад кард", — хулоса кард Орумбекзода.
Пештар хабар дода шуд, ки фармоишгари Театри миллиро аз супордани андоз озод мекунандд.
Сохтмони Театри миллӣ дар Душанбе моҳи марти соли 2015 оғоз шуда буд.
Бинои Театри миллӣ дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост карда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид.
Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6м буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.