ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ба қавли Шералӣ Абдулқайсов сабаби кам будани тамошобинони театр шинос набудани насли наврас ва ҷавонони кишвар бо дунёи театр мебошад.
Ҳунарманд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза, дар рафти низоми мағзшӯии бошитоб кӯдакон метавонанд аз ғурӯри миллии худ дур монда, онро пурра аз даст диҳанд.
Бо мақсади эҳёи таваҷҷӯҳи шаҳрвандони кишвар ба театр ва ошно намудани хурдтаракони ҷумҳурӣ бо санъати ҳунармандӣ, театр ва баланд бардоштани ғурури миллии онҳо донишҷӯёни кафедраи маҳорати актёрии факултаи театр, синамо ва телевизиони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода таҳти роҳбарии ҳунарманди театр Шералӣ Абдулқайсов "Театри атфол"-ро таъсис доданд.
"Мардум аҳён аҳён, бо сабабҳои гуногун аз дунёи театр дур шуда истодаанд. Ҷалб кардани мардум имрӯз ба театр душвор шудааст. Сабаби асосӣ дар он аст, ки аксари чавонон ба дунёи театр ошно нестанд ва моҳияти онро хуб дарк намекунанд, зеро аз хурдӣ бо он унс нагирифтаанд ва акнун меҳр баста наметавонанд",-гуфт Шералӣ Абдулқайсов.
Намоишномаи аввалини театр мавзӯъҳои тарбиявӣ ва ахлоқиро дар бар гирифта, бар асоси асарҳои Ҷаллолиддини Балхӣ омода шуда буд.
Хурдтаракони кӯдакистони рақами 80-и шаҳри Душанбе худ лентаи рамзиро бурида ба олами театр ворид шуданд. Онҳоро донишҷӯён бо карнаю сурнай дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифта ба толор дароварданд.
"Мақсадамон ин аст, ки назокату элементҳои асосии санъати таҷассумгари ҳунармандӣ, рисолати театр ва олами зебои онро аз хурдсолӣ ба дилу ҷон ва мағзу устухони атфол ҷо диҳем. Агар кӯдак аз хурдсолӣ ба маърифати театрӣ дил бандад, ин иқдом ба тантанаи фазои фарҳангӣ ва театрии миллӣ оварда мерасонад",-қайд кард ҳунарманд.
"Театри атфол" нақша дорад дар оянда барои кӯдакони пойтахт ва умуман барои хурдсолони ҷомеаи тоҷик намоишномаҳои ахлоқӣ омода намуда, дар тарбияи зебопарастии кӯдакон саҳм бигирад.