Ифтитоҳи 36 истгоҳи нави замонавӣ дар Душанбе

© Аз равобити умумии шаҳрдорӣИстгоҳи нав дар Душанбе
Истгоҳи нав дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахт 36 истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Дар ин бора равобити умуми шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки истгоҳҳои муосир дар асоси лоиҳаи ҶДММ "ҶиЭм-Партнёр" дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.

Рустам Эмомали на открытии новой автобусной остановки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ истгоҳҳои Душанберо бозсозӣ мекунад

Рӯнамоии намунаи аввали он моҳи августи соли 2017 бо ширкати раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ сурат гирифта буд.

Ба иттилоъи манбаъ, истгоҳҳо дар мутобиқат ба меъёри байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба мусофирон оид ба вақт, рақами хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд.

Ҳамчунин дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст. Истгоҳҳои замонавӣ дар кӯчаҳои асосии шаҳр аз назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то қисмати шимолии пойтахт — майдони Сарҳадчиён бунёд шудаанд.

Бо назардошти ҷойгиршавӣ ва шумораи мусофирони нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ дар 18 истгоҳ дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла ва дигар лавозимоти зарурӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

"Маблағи умумии сохтмони иншооти мазкур беш аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад", —омадааст дар хабарнома.

Ҳудуд ва атрофи истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин ба таъмини хизматрасонии босифат мусоидат хоҳад кард.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли сипаришуда аз ҷониби КВД "Ободонии шаҳри Душанбе" ва ҶДММ "Фарзин" оғоз гардида, давоми 4 моҳ пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0