ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе барои бозсозии истгоҳҳои таробарҳои ҳамагонӣ озмуни арзонхарид ё тендер эълом кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари равобити умумии шаҳрдории Душанбе, қарори баргузории ин озмунро имрӯз раиси шаҳр Рустам Эмомалӣ имзо кардааст.
Дар ин озмун паймонкори бозсозӣ ва омодасозии истгоҳҳо дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониш интихоб карда мешаванд.
Бар асоси ин қарор, коргурӯҳи баргузории озмун ҳамроҳ бо Идораи сохтусози аслии шаҳри Душанбе асноди зарурӣ барои интихоби паймонкорро таҳия мекунад.
Дар ин озмун ҳама хоҳишмандон метавонанд ширкат кунанд.