Коршинос: Ҷангҷӯён дар он сӯи Ому таҳдиде барои Тоҷикистон нестанд

© AP / Militant Website, FileБоевики ИГИЛ, архивное фото
Боевики ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интиқоли ҷангҷӯёни гурӯҳҳои теруристии шикастхӯрда аз Ироқу Сурия ба шимоли Афғонистон феълан хатаре барои Тоҷикистон надорад

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҷамъ шудани ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон ҳеч таҳдиде барои Тоҷикистон надоранд, мегӯяд Сайфулло Сафаров, муовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

"Дар Афғонистон ҷамъ шудани ҷангҷӯёни гурӯҳҳои теруристии мухталифе, ки аз Ироқу Сурия интиқол меёбанд, сурат мегирад, ҳарчанд ҳукумати Кобул ин воқеъиятро инкор мекунад", — гуфт вай.

Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кобулов: ҳадафи ДОИШ сарнагун кардани ҳукумати кишварҳои ОМ аст

Коршинос бар ин назар аст, ки интиқоли ҷангҷӯёни бархе аз гурӯҳакҳои шикастхӯрдаи ДОИШ аз Ироқу Сурия ба шимоли Афғонистон феълан хатаре барои Тоҷикистон надорад.

“Мо марз бо Афғонистонро ба андозаи кофӣ таҳким додаем. Русия нерӯҳои моро бо ҷангафзорҳо тақвият карда ва тавони размии пойгоҳи низомии 201-уми Русия низ нерӯмандтар шудааст”, — таъкид кард Сафаров.

Ба гуфти вай, агар Тоҷикистон аз шимоли Афғонистон таҳдид шавад, Чин ҳам ба пуштибонӣ аз кишвар хоҳад шитофт.

Лентаи хабарҳо
0