Атомуҳаммад Нур: Гулбиддин Ҳикматёр бо ДОИШ байъат карда аст

© AP / Massoud HossainiГубернатор провинции Балх Ата Мохаммад Нур, архивное фото
Губернатор провинции Балх  Ата Мохаммад Нур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Атомуҳаммад Нур, волии вилояти Балх ва раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистонро муттаҳам ба байъат бо ДОИШ кард

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Атомуҳаммад Нур Гулбиддин Ҳикматёрро муттаҳам ба байъат бо созмони теруристии "Давлати исломӣ" ва куштори шиъамазҳабони Афғонистон кард.

Ба гузориши Sputnik Афғонистон, волии Балх пас аз намози иди Қурбон гуфт: "Шакке нест, ки Ҳикматёр дар байъат бо ДОИШ аст ва дар кушторҳои гурӯҳӣ дар Афғонистон саҳм дорад, зеро байъат кардан ба маънои таъйиди ин гурӯҳи теруристӣ аст".

Latif Pedram, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Латиф Пидром: Роҳбурди Трамп роҳи ҷанг аст, на роҳи сулҳ

"Ҳама ихтилофҳои қавмӣ ва мазҳабии Ҳикматёр ва вокунишҳои ӯ дар баробари шиъаёну давлати Эрон ҳеч паёме ҷуз шиъакушӣ надорад", — афзуд Атомуҳаммад Нур.

Волии Балх ба раҳбари Ҳизби исломӣ ҳушдор дод: "Агар Ҳикматёр байъати худро аз ДОИШ пас нагирад, дар ҳар ҷое ки сар баланд кунад, сарашро бар замин хоҳем кӯбид!"

Чанд рӯз пеш Мирвайс ва Зардодӣ — ду фармондеҳи муҳимми Ҳизби исломӣ эълом карда буданд, ки барои бархӯрди мусаллаҳона бо Атомуҳаммад Нур танҳо мунтазири дастури Ҳикматёр ҳастанд.

Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва Ҳизби исломӣ чандин даҳсола аст, ки бо ҳам ихтилоф доранд ва дар солҳои 1991 — 1992 ҷангҳои хунине дар Кобул ҳам доштанд.  

Лентаи хабарҳо
0