ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар соли 2017, пас аз насб шудани усули биллинг дар ҳисобкунакҳои барқии сокинони шаҳри Хуҷанд 75 нозири барқ бекор мондаанд. Дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ вазири нерӯ (энергетика) ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ба хабарнигор гузориш додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, барои вазорат ин шеваи ҷамъоварии маблағ натиҷаи дилхоҳ дод. Акнун, қарор аст, ки дар шаҳри Душанбе низ ба ҳисобкунакҳо усули биллинг насб кунанд.
"Бо ҳамин роҳ шаҳри Хуҷанд дар соли гузашта маблағи барқи сарфшударо пурра пардохт кардааст, афзун бар ин талафоти барқ коҳиш ёфтааст",- қайд кард Усмонзода.
Ин низом ба шабакаҳои барқӣ имкон медиҳад, ки масрафи барқро дар шакли онлай назорат кунанд. Дар ҳоли тамом шудани маблағ дар корти муштарӣ, ҳисобкунак автоматӣ интиқоли барқро қатъ мекунад.
Ҳамчунин вазир дар рафти нишасти матбкотӣ гуфт, Тоҷикистон дар зимистон фурӯши барқро ба Афғонистон қатъ кардааст.
Тоҷикистон дар фасли тобистон метавонад ба роҳатӣ ба Афғонистон барқ содир кунад, аммо дар зимистон бо мушкилоти ҷиддӣ дар ин замина мувоҷеҳ аст.
Соли 2017 Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 1.3 миллиард киловат барқ ба арзиши 50 миллион доллар содир кардааст.