Додситонии кулли ҶТ: 50 млн сомонӣ қарзи истифодаи нерӯи барқ ситонда шуд

© Пресс-служба президента РТРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, ки дар соли гузашта 1 980 маврид табаҳкории иқтисодӣ ва ришваситониро ошкор карда, ки хисорот аз онҳо 208 милюн сомонӣ баровард шудааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Додситони кулли ҶТ Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи поёнии Ҳукумати Тоҷикистон гузориш дода, ки ниҳодаш дар соли гузашта 50 милюн сомонӣ қарзи истифодаи нерӯи барқро ситондааст, хабар медиҳад ТоҷикТА.

“Ниҳодҳои додситонии Тоҷикистон дар соли гузашта 1 980 маврид табаҳкории иқтисодӣ ва ришваситониро ошкор кардаанд, ки хисорот аз онҳо дар кулл 208 милюн сомонӣ баровард шудааст”, — гузориш дод Юсуф Раҳмон ба маҷлис.

Вай ҳамчунин афзуд, ки дар чорчӯби иҷрои Қонуни танзими ҷашну маросим 563 маврид қонуншиканӣ ошкор гардида ва қонуншиканон ҷарима шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0