ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тавре вебгоҳи Маркази исломии ҶТ гузориш медиҳад, раиси Шурои уламои марказ Саидмукаррам Абдулқодирзода, 31 январ дар Истамбул бо хабарнигорони Туркия мулоқот кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин мусоҳиба раиси шуро масоили ҳамкориҳои миёни Шурои уламо ва диёнати Туркияро баррасӣ кард.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин мусоҳиба ҷаноби домулло аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ва созмони Фатҳуллоҳ Гӯлен сӯҳбат кард.
"Дар ин росто муфтии Тоҷикистон қайд намуд, ки гурӯҳи террористии наҳзат ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта, бо истифода аз номи Ислом зери пӯшиш, фаъолияти харобкориашро оғоз кард",- омадааст дар гузориш.
Ба гуфтаи ҷаноби домулло, аъзоёни ҲНИТ дар Афғонистон таълими низомӣ гирифта, бо мақсади ғасби ҳукумати Тоҷикистон даст ба амалиёти мусаллаҳона заданд.
Ҳамин тартиб, муфтӣ тазаккур додааст, ки ҳаводорони созмони террористии назҳат миллати осоиштаи тоҷикро ба ҷанг кашида, дар натиҷа 150 ҳазор нафар мардуми шарифи Тоҷикистонро бераҳмона ба қатл расониданд.
Ба гузориши манбаъ, рӯзноманигорон аз Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсон шуданд, ки чаро Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдаи назҳат иҷозат дод?
"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қатъ намудани ҷанг дар кишвар ба наҳзатиҳо иҷозат дод, ки фаъолиташонро дар доираи қонун ба роҳ монда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд",- посух додааст Абдулқодирзода.
Муттассифона аъзоёни ташкилоти мазкур аз некбинии Ҳукумат сӯиистифода намуда, дубора ба мардуми шарифи Тоҷикистон хиёнат карданд, гуфтааст дар идома ӯ.
Пас аз ин изҳоротҳо, раиси шуро аз ҷониби Туркия дархост кардааст, ки фаъолияти узви наҳзат дар Туркия қатъ карда шавад ва ҷонибдоронаш аз кишвар берун карда шаванд.
Дар анҷоми мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорон дар мавриди вазъи имрӯзаи Қудс ва амалиёти низомии Туркия дар шаҳри Африни Сурия низ изҳори назар намуд.