"Тоҷик эйр" ҷасади чор ҷонбохтаи сӯхтори Красногорскро ба Тоҷикистон овард

© Фото : Сайт авиакомпании "Таджик Эйр"Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷасади чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сӯхтори Красногорск ҷон бохтанд ба Тоҷикистон интиқол дода шуд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар ин бора сардори маркази матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳамаи ҳалокшудагон — Анвар Холбоеви 48-сола бо писрааш Беҳзод Холбоеви 13-сола, Муслима Неъматоваи 48-сола ва Аббосбек Чориеви 6 —сола зодагони ноҳияи Шаҳринав буда, дар манзили истиқоматии оташгирифта иҷоранишин будаанд.

Пожар в многоквартирном жилом доме в Красногорске Московской области. 28 января 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон: омодаем ҳаргуна кумакро ба осебдидагон дар сӯхтор бирасонем

Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷасади чор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 28 январи соли дар сӯхтор ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

"Бо мусоидати намояндагӣ аз ҳамватанон барои пардохти хароҷоти омодасозии ҷасадҳо ваинтиқол маблағ ҷамъоварӣ гардида, ҷасадҳо тавассути ҳавопаймои ширкати "Тоҷикэйр" ба таври ройгон интиқол дода шуданд", — гуфт манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар натиҷаи ин сӯхтор ҷароҳат бардоштаанд, дар беморхонаҳои шаҳри Маскав бистарӣ ҳастанд.

Асадбек Чориеви 4-сола дар беморхонаи Любертс ва Парвина Рузиматоваи 24-сола, ки рӯзи сар задани сӯхтор ба ин макон ба меҳмонӣ омада буд, дар беморхонаи Карбишев зери назорати табибон қарор доранд.

Тибқи иттилоъи табибон, вазъи саломатии Асадбек каме беҳтар гардида, Парвина ҳанӯз ҳам дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Аз рӯи қазияи сӯхтор муфаттишони рус парвандаи ҷиноӣ боз краданду тафтишот оиди муаяйн кардани саббаҳои он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0