ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо хешовандони осебдидагон дар сӯхторе, ки дар шаҳри Красногорск рух дод, тамос гирифтаанд.
“Кормандони Сафорат ҳамакнун дар бемористоне ҳастанд, ки шаҳрвандони осебдидаамон бистарӣ шудаанд. Мо бо хешовандону наздикони онҳо дар тамос ҳастем”, — гуфт сухангӯи Сафортаи Тоҷикистон дар Русия.
Вай ҳамчунин гуфт, ки сафорат ҷузъиёти ин сӯхторро пайгирӣ дорад ва омода аст ҳаргуна кумакро ба осебдидагон дар ин сӯхтор бирасонад.
Ёдоварӣ мекунем, ин сӯхтор дар манзиле сар зад, ки дар он нӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла се кӯдак, иҷоранашин буданд. Дар ин сӯхтор чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ду кӯдак ва ду бузургсол, ҷон бохтанд.