ВУД: муовини раиси бахши ҲНИТ дар Рӯшон муттаҳам ба нашри навори фаҳшо шуд

© SputnikКадр из программы Сипар телевидение "Точикистон"
Кадр из программы Сипар телевидение Точикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар барномаи "Сипар" гузориш дод, ки ду руҳонии тоҷик муттаҳам ба амалҳои ношоиста ва бадахлоқона мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Шабакаи давлатии телевизионии Тоҷикистон дар барномаи "Сипар", аз тавлидоти Вазорати умури дохила, навори бадахлоқии ду руҳонии тоҷикро намоиш додааст.

Дар ин барнома, ки ҳафтае пеш дар телевизион намоиш дода шуда, гуфта мешавад, ки ду руҳонӣ "бо истифода аз номи дини Ислом даст ба амалҳои бадахлоқона задаанд".

Яке аз ин гумонбаршудангон имоми масҷиди панҷвақтае дар ноҳияи Ҳисор будааст, ки 82-сола буда ва афзун бар имомат дар хона мардумро "сеҳру ҷоду" мекардааст.

Вазорат дар гузоришаш меафзояд, "мардумфиребиву қаллобӣ ва аз номи дини поки Ислом сӯиистифода кардани Давлатбек Мираков ин як тарафи масъала бошад, масъалаи дигар, ки басо гӯшношуниду нанговар аст, бадахлоқӣ ва мавриди истифодаи шаҳвонӣ қарор додани муштариён аз ҷониби ин пирамарди 82-солаи оиладор ва соҳиби 11 фарзанду 40 набера мебошад."

Собрание ПИВТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД Тоҷикистон аз боздошти 6 тан аз фаъолони ҲНИТ дар Урупо хабар дод

Дар идомаи гузориш Вазорати умури дохила хабар медиҳад, ки як сокини ноҳияи Рушонро низ ба иттиҳоми нашри навори фаҳшо боздошт кардааст.

ВУД ҶТ меафзояд, "ҳамчунин кормандони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳрванд Атоёров Атоёр Саодатович, соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Рӯшон, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рушонро барои паҳн кардани наворҳои хусусияти порнографидошта дастгир намуданд".

Худи гумонбаршуда Атоёр Атоёров дар ин гузориш мегӯяд, ба як ноболиғ навори порнографиро сабт карда додааст.

"Ҳамон бачаи ноболиғе, ки доимо пешам меомад, қариб як ду сол — дувуним сол пешам меомад, як рӯз пешам омад, ки ман ба ӯ филми шаҳвониро сабт намоям ва ман ба ӯ дар ин диск филми шаҳвониро сабт кардам", — мегӯяд вай.

Бино бар иттилои манбаъ, "вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта нисбати ин ду нафар ба ном мулло, ки аз номи дини мубини Ислом суъистифода намуда, ба ҳаракатҳои бадахлоқона ва паҳни наворҳои хусусиятҳои шаҳвонипдошта машғул буданд, айни замон корҳои тафтишотӣ идома дорад".

Лентаи хабарҳо
0