Аслов сафири Канадаро ба ҳамоиш даъват кард

© Фото : Аз ВУХСироҷиддин Аслов бо сафири Канада дар Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов бо сафири Канада дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафири Канада дар Тоҷикистон Николас Бруссо дидор ва мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 30 январ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Канада дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар Остона) Николас Бруссоро ба ҳузур пазируфт.

Сироҷиддин Аслов ва муовини вазири корҳҳои хориҷаи Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Аслов бо муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон дар чӣ бора суҳбат кард

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Канадаро матраҳ кардаанд.

Мусоҳибон ҷиҳати дарёфти роҳу василаҳои нави густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Канада ҳавасмандӣ баён намуданд.

Дар ин қарина, ба зарурати истифодаи имкониятҳои фарох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм ишора карда шуд.

Вазир ҳайъати Канадаро ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ" (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028 (ш.Душанбе, 20-22 июни соли 2018) даъват кардааст.

Ҳамчунин дар ин дидор атрофи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Канада дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0