Дар Тоҷикистон лӯлакашии хатти газрасонии Туркманистон – Чин оғоз шуд

© Sputnik / Э. Котляков / Гузариш ба медиабонкСтроительство газопровода. Архивное фото
Строительство газопровода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохти бахши тоҷикистонии хатти лӯлаи интиқоли гази Туркманистон – Чин оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохти бахши тоҷикистонии хатти лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин оғоз шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА бо истинод ба Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон.

“Бахше аз корҳои лӯлакашӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз шудаанд”, — гуфтааст Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энерживу захоири об.

Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон боз ба Тоҷикистон газ интиқол хоҳад кард

Вай гуфта, ки ин бахш аз хатти интиқоли гази Туркманистон – Чин дар ҳадди сармоягузориҳои суратгирифта сохта мешавад. Ӯ ҳамчунин ёдоварӣ карда, ки раҳбарони Тоҷикистон ва Чин қаблан замони иҷрои ин тарҳро тамдид карда буданд ва акнун дигаре мушкиле дар ин замина нест ва ин бахш аз хатти лӯла бояд дар ду сол сохта шавад.

Лӯлакашии хатти интиқоли газ аз Туркманист ба Чин дар қаламрави Тоҷикистонро яке аз ширкатҳои вобаста ба “China National Petroleum Corporation” (CNPC) анҷом медиҳад.

Қарордоди байниҳукуматии сохти хатти интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин аз қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 имзо шуда буд. Моҳи марти соли 2014 ширкатҳои “China National Petroleum Corporation” (CNPC) ва “Тоҷиктрансгаз” барои лӯлакашии хатти интиқоли газ ширкати муштараки “Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd.”-ро ташкил карда буданд. Ин ширкат дар моҳи сентябри соли 2017 сохти бахши тоҷикистонии тарҳро оғоз кард. Вале оғози иҷрои кулли тарҳ ҳар аз гоҳе ба дигар замон вогузошта мешуд.

Хатти лӯлаи интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон аз ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол гузашта ба Қирғизистон меравад.

Дарозии ин хатт дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 400 килуметр аст, ки бояд то поёни соли 2019 ба баҳрабардорӣ расонда шавад. Қарор бар ин шуда, ки Туркманистон аз ин хатт солиёна 25 – 30 милёрд метри мукааб гази табиӣ ба Чин интиқол бидиҳад. Чин дар паи иҷрои ин тарҳ беш аз 3 милёрд дулор сармоя дар иқтисоди Тоҷикистон ворез хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0