Узбакистон боз ба Тоҷикистон газ интиқол хоҳад кард

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкГазовая конфорка
Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узбакистон шуруъ аз соли 2012 интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ карда, гуфта буд захираҳои кишвар барои фурӯши он ба Тоҷикистон намерасад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Эҳтимол меравад, ки Узбакистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон дубора ба роҳ монад. Дар ин бора намояндагони ширкатҳои газии Тоҷикистон ва Узбакистон мулоқот кардаанд.

Гуфта мешавад, ҷониби Тоҷикистон айни ҳол пешниҳоди Узбакистонро мавриди нархи газ баррасӣ мекунад.

Намояндаи "Тоҷиктрансгаз" мегӯяд нархе, ки ҷониби Узбакистон барои фурӯши газ ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, муътадил аст.

Ёдовар мешавем, Узбакистон аз соли 2012 инҷониб интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ карда буд. Далели ин амалашро кишвар он замон "камбуди захираҳои табиӣ" унвон кард.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Пештар 3 ноябр дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шурои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодва ва раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев густариши ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0