Ҳамсари Каримов: Ислом дар дидори якум пешниҳоди ҳамсарӣ кард

© Фото : fondkarimov.uzСвадебное фото Татьяны Каримовой и Ислама Каримова, архивное фото
Свадебное фото Татьяны Каримовой и Ислама Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамсари аввалин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов-Татяна Каримова гуфт,ки Каримовро ҳамагон чун шахси қавиирода ва ҳадафманд мешиносанд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар остонаи 80-солагии Ислом Каримов ҳамсараш Татяна Каримова дар бораи зиндагии хонаводагӣ нақл кард.

Мусоҳибаи пурра бо ҳамсари раисҷумҳури пешин дар торномаи Бунёди ба номи Ислом Каримов мунташир шудааст.

Ҳамсари Каримов қайд карда, ки Ислом шахси қавиирода ва бисёр ҳадафманд буд ва маҳз бо ҳамин хусусияташ ба қуллаҳои баланд расид.

"Ман дарҳол миқёси шахсияти Каримовро эҳсос кардам, ман эҳсос кардам, ки ӯ дар пеш, роҳи ғайриоддӣ, вале муҳиме дорад", — нақл кард ӯ.

Президент Узбекистана Ислам Каримов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Асрори як аср: дар бораи хонаводаи Ислом Каримов далелҳои нав пайдо шуд

Татяна Каримова ҳамчунин нақл карда, ки солҳои кӯдакии Ислом дар ҳамон солҳои душвори баъди низомӣ гузашт.

"Ислом Абдуғаниевич замони ба мактаб рафтанаш забони русиро намедонист, вале бо шарофати ҳадафмандии худ мактабро бо медали тилло хатм кард", —мегӯяд ҳамсари Ислом Каримов.

Татяна бо ҳамсараш дар замони донишҷӯӣ дар Самарқанд ошно шудааст. Ӯ нақл кард, ки Каримов дар рӯзи аввалин дидор ӯро ба ҳамсарӣ хондааст. Татяна мегӯяд, ин пешниҳод барояш ногаҳонӣ буд, вале ӯ розӣ шуд.

Дар бораи солҳои аввали зиндагии хонаводагӣ Татяна мегӯяд, ки "дӯстона зиндагӣ мекардем, худамон таъмир мекардем, чун музди кор ба ҳамаи чиз намерасид".

Ба гуфти Татяна, Каримов падар ва пасон бобои бисёр меҳрубон ва бодиққат буд.

"Ислом Абдуғаниевич барфро бисёр дӯст медошт, ба вижа барфи аввалро. Ҳамеша кӯшиш мекард, ки вақт ёфта бо фарзандон ва бо набераҳояш рӯи барф сайру гашт кунад. Ӯ кӯдаконро шиноварӣ ва дучархаронӣ омӯхт", — нақл мекунад Татяна.

Ислам Каримов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нақли ҳамсинфони Ислом Каримов дар бораи даврони кӯдакии раисҷумҳур

Бунёди ба номи Ислом Каримов чанде пеш маълумоти зиёдеро дар бораи зиндагии аввалин раисҷумҳури Узбакистон мунташир кард.

Дар сафҳаи расмии ин бунёд дар Facebook акси сафеду сиёҳи хонаводаи Ислом Каримов мунташир шудааст. Дар он падару модари раисҷумҳури аввалин ва чаҳор кӯдак дарҷ гардидааст-як духтару се писар. Дар хонаводаи Каримовҳо ҳашт фарзанд буд: як духтар Меҳриниссо ва ҳафт писар: Амонулло, Ибодулло, Арслан, Қуддус, Икром, Ислом ва Хуршед.

Падари аввалин раисҷумҳури Узбакистон коргар буд. Ӯ марди ҷиддӣ ва гоҳо сахтгир буд. Мардуми маҳалла ӯро бисёр ҳурмат мекарданд. Модараш Санобар хонашин буд. Падари Санобар аз рӯҳониёни он давр буд.

Чанде пеш пизишки шахсии Ислом Каримов ва ҳамсинфаш дар бораи аввалин раисҷумҳури Узбакистон нақл карда буд.

Лентаи хабарҳо
0