ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бунёди Ислом Каримов дар бораи хонаводаи аввалин раисҷумҳури Узбакистон далелҳоеро интишор кард, ки то ин вақт ба касе маълум набуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Дар саҳифаи расмии бунёди Ислом Каримов дар Фейсбук акси сиёҳу сафеде мунташир шудааст, ки дар он падару модари Ислом Каримова ва чор фарзанди калонии хонавода- духтару писарони онҳо аккосӣ шудаанд.
Акс соли 1928 — 10 сол пеш аз таваллуд шудани Каримов гирифта шуда будааст.
"Дар акс падари раисҷумҳур Абдулғаниота, Санобароя, фарзандони онҳо Меҳриниссо, Амонулло ва Ибодулло мебошанд",- шарҳ дода мешавад зери он.
Ҳамагӣ дар хонаводаи Ислом Каримов 8 фарзанд будаанд. Як духтар- Меҳриниссо ва 7 писар: Амонулло, Ибодулло, Арслон, Қуддус, Икром, Ислом ва Хуршед.
Падари хонавода хизматчӣ будааст. Вайро марди ҷиддӣ ва баъзан сахтгир ҳам гуфтаанд. Абдулғаниота дар маҳаллаашон яке аз мардони обрӯманд будаст.
Модари Ислом Каримов Санавбароя аз хонаводаи ходимони динӣ буда, зани хонашин будааст.
"Ҳамаи писарони хонавода маълумоти олӣ гирифтанд. Се нафари онҳо мактабро бо медали тилло хатм карда, аз ҷумла Ислом Каримов номзади илм шудаанд",- омадааст дар иттилоия.
Ёдрас мешавем, пештар расонаҳои Узбакистон хабар доданд, ки дар бораи фарзанди севуми Ислом Каримов маълумот ёфтаанд.
Хабаргузории kun.uz дар такя ба бахши узбакии "Википедия" гузориш дод, ки Ислом Каримов бори аввал 1-уми марти соли 1960 ба Наталья Петровна Кучма ном зане оиладор шудааст.
Бино бар гузориши манбаъ, онҳо соҳиби як писар шуда, аз ҳам ҷудо мешаванд. Аммо дар тарҷумаи ҳоли расмии Ислом Каримов дар бораи хонаводаи якуми вай ва фарзандаш маълумоте наомадааст.
Гуфта мешавад Ислом Каримов бори дуввум Татяна Акбаровнаро ба занӣ мегирад. Аз ин никоҳ Ислом Каримов ду духтар дорад: Гулнора Каримова(соли таваллудаш 1972) ва Лола Каримова (1978).
Ҳамсари аввали Каримов- Наталя Кучма соли 2008 дар Тошканд вафот кардааст. Писари онҳо- Петр Каримов айни ҳол дар вилояти назди Маскав истиқомат мекардааст.